Ҷаласаи корӣ оид ба омодагӣ ба даъвати тирамоҳии ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ

20 июли соли ҷорӣ мутобиқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон оид ба омодагӣ ба даъвати тирамоҳии ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷаласаи корӣ назди раиси ноҳия Ҷумъазода Ҷумъа Шофақир бо ширкати муовинони раиси ноҳия, раисони ҷамоатҳои деҳоти ноҳия, комиссари ҳарбии ноҳия ва дигар мақомотҳои дахлдор доир гардид.

Дар ҷаласа ахбороти комиссари ҳарбии ноҳия ва раисони ҷамоатҳои деҳоти ноҳия оид ба омодагӣ ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ шунида шуд.

Раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъазода Ҷумъа Шофақир масъулинро барои омодагӣ ба даъвати тирамоҳии аҳолии соли таваллудашон 1996-2005 муваззаф намуд. Ҳамзамон, раисони ҷамоатҳои деҳот, комиссариати ҳарбии ноҳия вазифадор гардиданд, ки омӯзиши шаҳрвандони синну соли даъватиро дар ҳудуди ноҳия ба роҳ монда, шумораи дақиқи даъватшавандагонро, ки бояд дар давраи даъвати тирамоҳии соли 2023 ба хизмати ҳарбӣ даъват шаванд, муайян намоянд.

Раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилотҳо, корхонаҳо, муассисаҳо, муассисаҳои таълимии таҳсилоти олӣ, миёна ва ибтидоии касбӣ новобаста аз шакли моликият мутобиқи уҳдадор гардиданд, ки рӯйхати шаҳрвандони синну соли даъватиро ба комиссариати ҳарбии ноҳия пешниҳод намоянд. Дар асоси даъватномаи комиссариати ҳарбӣ шаҳрвандони синну соли даъватиро хабардор намоянд ва барои дар вақти муайяншуда ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шудану аз муоинаи пешакии тиббӣ гузаштани онҳо чораҳо андешанд. Муроҷиати шаҳрвандони синну соли даъватӣ оиди аз қайди ҷои истиқомат баромадан, мондан, гирифтани маълумотномаҳо ва маълумоти оиладорӣ дар сурати мавҷуд будани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи комиссариати ҳарбӣ оиди дар қайди ибтидоии ҳарбӣ будан мавриди баррасӣ қарор дода шавад.

Сардори бахши тандурустии ноҳия вазифадор карда шуд, ки барои анҷомдиҳии муоинаи назоратии тиббӣ таҷҳизотҳои тиббӣ ва табибону мутахассисони ботаҷрибаро таъмин намуда, беҳдошти табобат ва солимгардонии синну соли даъватиро таъмин намояд.

Шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия муваззаф гардид, ки муроҷиати шаҳрвандони синну соли даъватиро оид ба иваз намудани насаб ном ва номи падарӣ, аз қайди никоҳ гузаронидан ва ба расмият даровардани дигар ҳуҷҷатҳо дар сурати мавҷуд будани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи комиссариати ҳарбӣ оиди ба қайди ибтидоии ҳарбӣ будан мавриди баррасӣ қарор диҳанд.

Ҳамчунин ба раисони ҷамоатҳои деҳот супориш дода шуд, ки тибқи нақшаи пешакии тасдиқшуда «Дар бораи омодагӣ ба даъвати тирамоҳии соли 2023-и шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1996-2005 ба хизмати ҳарбӣ» то санаи 1 октябри соли 2023 аз ҳисоби даъватшавандагоне, ки бояд дар давраи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ даъват шаванд ба муоинаи пешакии тиббӣ пешниҳод намуда, барои дар санаи муайяншуда сафарбар намудани онҳо ба хизмати ҳарбӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

Дар фарҷом раисони ҷамоатҳои деҳот ва фаъолон барои пурсамар ва дуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни даъватшавандагон ва волидайни онҳо ва таъмини саривақтии нақшаи даъвати тирамоҳӣ муваззаф гардиданд.