Ифтитоҳи хати оби полезӣ дар деҳаи Рожи ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон.

15 июли соли ҷорӣ бо иштироки Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон ва раиси ноҳияи Шуғнон лоиҳаи сохтмони канали обёрикунӣ дар деҳаи Рожи ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон, ки дар доираи Барномаи Ҳукумати Ҷопон оид ба кӯмакҳои бебозгашт ва амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ (GGP), бунёд карда шуд мавриди истифодабарӣ қарор гирифт. 

Маблағгузории лоиҳа аз ҷониби Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, корҳои сохтмонӣ моҳи апрели соли ҷорӣ оғоз гардиданд. Дар доираи лоиҳаи мазкур қубури обгузари полиэтилении қутри 315 мм дар масофаи 1800 метр гузаронида шуда, дар натиҷа таъминоти оби полезӣ дар 4 деҳаи зерҳадафи лоиҳа беҳтар карда шуд. 

Зимни ифтитоҳи хати оби прлезӣ раиси ноҳияи Шуғнон ба Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон барои дастгирӣ дар амали намудани лоиҳа изҳори сипос намуд.