Боздиди раиси ноҳияи Шуғнон аз маркази саломатии ҷамоати деҳоти Мирзоҷон Ширинҷонов

19 октябри соли ҷорӣ раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъазода Ҷумъа Шофақир зимни сафари корӣ дар ҷамоати деҳоти Мирзоҷон Ширинҷонов аз маркази саломатии деҳаи Бунӣ дидан ба амал оварда, бо шароити кории марказ ва хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии деҳот, инчунин бо ҷараёни омодагии маркази саломатӣ ба мавсими зимистони имсола шиносоӣ намуд.
Ҳамзамон, зимни боздид аз маркази саломатӣ раиси ноҳия иброз намуд, ки соли оянда дар доираи нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Бунӣ барои маркази саломатии ҷамоати деҳоти М.Ширинҷонов бинои нави муосир муҷаҳҳаз бо лавозимоту таҷҳизоти зарурии тиббӣ бунёд карда мешавад.