Ифтитоҳи толори фарҳанг дар деҳаи Бунӣ
Дар доираи нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Бунии ҷамоати деҳоти Мирзоҷон Ширинҷонови ноҳияи Шуғнон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ва ноҳияи Шуғнон толори фарҳангӣ пас аз таҷдиду азнавсозӣ дар фазои тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Дар тантанаи ифтитоҳи иншооти фарҳангӣ раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъазода Ҷумъа Шофақир иштирок намуд.
Дар толори фарҳангӣ шароити хуб барои гузаронидани маҳфилу ҷамъомад, чорабиниҳои фарҳангӣ ва машқу тамрини дастаҳои ҳунарӣ таъмин шудааст.
Раиси ноҳия зимни суҳбат бо кормандони соҳаи фарҳангу ҳунари ноҳия мавриди истифода қарор гирифтани боз як иншооти фарҳангиро, туҳфаи арзишманди Ҳукумати мамлакат арзёбӣ карда, онҳоро барои таҳияи барномаҳои баландмазмуни эҷодию ҳунарӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии мардум ҳидоят намуд.

















































































































































































































































































































































































































































































