Ифтитоҳи бинои маъмурии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шуғнон.

18 октябри соли ҷорӣ бо иштироки раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер ва муовини якуми раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ дар маркази ноҳияи Шуғнон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия мавриди истифода қарор дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки бино аз ду ошёна иборат буда, дар қабати якум утоқи кории кормандон, китобхона бо 1000 нусха адабиёти шоирони муосиру классик ва соҳавӣ, ҳамчунин утоқи бойгонӣ ва дигар иншоотҳои ёрирасон ҷойгир мебошад.
Ошёнаи дуюм аз толори калони маҷлисӣ барои 70 ҷойи нишаст, утоқи роҳбарият ва дигар утоқҳои корӣ иборат аст.
Зимни шиносоӣ бо шароити кории бино, раиси вилоят ва муовини якуми раиси ҲХДТ ба корҳои сохтмонии анҷомёфта баҳои баланд доданд.
Мавриди зикр аст, ки бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шуғнон аз ҷониби шахсони саховатпеша ва аъзои фаъоли ҳизб сохта шуда, дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Ҳамзамон дар ваъияти тантанави ба ҷавонони ноҳия, ки бори аввал ба аъзогии ҲХДТ қабул карда шуданд, шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.
Роҳбарият зимни суҳбат бо кормандон ва раиси КИ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шуғнон таъкид доштанд, ки фаъолиятро ҷоннок намуда, дар рушд ва пешрафти кишвар ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳиссагузор бошанд.
Аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шуғнон ваъда доданд, ки дастурҳои Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори худ карда, дар ободӣ ва суботи мамлакат саҳмгузор хоҳанд буд.
Қомат афрохтани бино ба ҳусни маркази ноҳия таровати тоза зам менамояд. Атрофи иншоот бо гулҳо оро дода шуда, тамоми роҳраву гузаргоҳҳо сафолакпӯш гардидааст.
Ҳамзамон барои роҳбарият ва кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шуғнон туҳфаи Пешвои муазами миллат аз ҷумла, нақлиёти нави хизматии тамғаи Нива дар вазияти тантанавӣ супорида шуд.