Паёми табрикотии Раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъазода Ҷумъа Шофақир ба муносибати “Рӯзи соҳибкорон”
Соҳибкорони гиромӣ!
Ҳамасола санаи 14 октябр дар кишварамон Рӯзи соҳибкорон ҷашн гирифта мешавад ва ба ин муносибат кулли соҳибкорони ватандӯсти ноҳияи Шуғнонро табрик мегӯям ва дар фаъолияти минбаъдаатон барору комёбиҳои нав орзу менамоям.
Ҳукумати кишвар ташаббусу пешниҳодҳои созандаи соҳибкоронро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст.
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми сохторҳои давлатӣ муввазаф гардидаанд, ки ташаббусҳои соҳибкоронро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, барои амалӣ гардидани иқдомоти созандаи онҳо мусоидат намоянд.
Соҳибкорон бояд ҷавобан ба ин ғамхориҳо дар доираи имкониятҳои мавҷуда саъю кӯшиши худро барои васеъ намудани фаъолияти истеҳсоливу хизматрасонӣ, қонеъ гардонидани талаботи бозори дохилӣ ва афзоиши ҳаҷми содироти молу маҳсулот, таъмин намудани аҳолӣ бо ҷойҳои корӣ ва боз ҳам ободу зебо гардонидани кишвари азизамон равона намоянд.
Боиси сарфарозист, ки соҳибкорони ноҳияи Шуғнон дар баробари дигар соҳибкорони бонангу номуси кишвар, ҳамеша иқдомоти Ҳукумати мамлакатро бо дарки амиқи масъулият самимона пуштибонӣ намуда, барои имрӯзу ояндаи кишвар ва пешрафти давлат кӯшиш менамоянд, дар раванди ташкили коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандон, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, хулоса, дар таҳкими иқтидори иқтисодии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ саҳмгузор ҳастанд .
Бинобар ин, ба ҳамаи шумо соҳибкорони ҳимматбаланди ноҳия сидқан миннатдорӣ баён карда, итминон дорам, ки дар оянда низ ба хотири пешрафту ободии Ватани азизамон саҳми бештар мегузоред.
Бори дигар ҳамаи соҳибкорони ноҳияро бо иди касбиашон табрик намуда, барояшон сарбаландӣ, хонаободӣ ва дастовардҳои навини меҳнатӣ таманно менамоям.
Ҳамеша муваффақ бошед!

















































































































































































































































































































































































































































































