Боздиди раиси ноҳияи Шуғнон аз ҷараёни корҳои сохтмонии гармхонаҳо дар ҷамоати деҳоти Ванқалъа
14 октябри соли ҷорӣ раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъазода Ҷумъа Шофақир дар доираи сафари корӣ дар ҷамоати деҳоти Ванқалъа бо раванди корҳои сохтмонӣ дар гармхонаҳои бунёдшаванда ва ҳамзамон бо истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар шароити гармхонаҳои амалкунанда, шинос шуд.
Ба раиси ноҳия иттилоъ дода шуд, ки аз соли 2021 инҷониб бо саҳми хоҷагидорон ва шарикони ҳамкор 34 гармхонаи хурд дар ҷамоати деҳоти Ванқалъа бунёд гардида, дар онҳо кишту парвариши навъҳои қулфинай, помидор, бодиринг, кабудӣ ва дигар намуди зироат ба таври васеъ роҳандозӣ гардидааст ва ҳамасола деҳқонон бо истифода аз таҷрибаи пешқадам ва риояи қойдаҳои агротехникӣ ҳосили фаровон ҷамъоварӣ намуда, дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми назаррас мегузоранд.
Соли равон дар асоси дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати деҳоти Ванқалъа боз 14 гармхонаи нав сохта шуда, моҳи ноябр ба истифода дода мешаванд, ки дар он хоҷагидорон зироати гуногуни кишоварзӣ, аз қабили помидору бодиринг, кабудӣ, кишт намуда, ба хотири гирифтани ҳосили дилхоҳ заминро самараноку оқилона истифода мебаранд.
Раиси ноҳия барои зиёд намудани масоҳати гармхонаҳо, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи самараноку оқилонаи замин ва ҷорӣ кардани роҳу усулҳои нави парвариши зироат ба масъулони соҳа дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар навбати худ деҳқонони ҷамоати деҳот ваъда доданд, ки таъкидҳо ва ҳидоятҳои Сарвари давлатро сармашқи кори худ қарор дода, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми худро мегузоранд.

















































































































































































































































































































































































































































































