Дар арафаи таҷлили 29-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияи Шуғнон як адад нақлиёти нав тақдим карда шуд

Дар маросими супоридани техникаи махсуси кишоварзӣ раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъазода Ҷумъа Шофақир иштирок доштанд.
Раиси ноҳия зимни суҳбат бо сокинон таъкид кард, ки бо дастгирӣ ва ибтикори неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ бобати рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат тадбирҳои саривақтӣ андешида мешавад. Дар ин раванд соҳаи кишоварзӣ низ истисно набуда, бахусус ҷиҳати рушду пешравӣ ва беҳдошти хоҷагиҳои деҳқонӣ, аз ҷумла беҳтар намудани вазъи таъминот бо техникаҳо чораҳои зарурӣ амалӣ мегарданд.
Яке аз масъалаҳои муҳим ин таъминоти кишоварзон ба техника ва таҷҳизоти муосир мебошад. Алҳол дар ҳудуди ноҳия дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ зиёда аз 30 тракторҳои шудгоркунанда омодаи кор буда, дар давраи кишту кори зироатҳои кишоварзӣ самаранок истифода бурда мешаванд.
Ҳамзамон бо мақсади мунтазам таъмин намудани бозори истеъмолӣ ва аҳолӣ бо маҳсулоти ширӣ ва гуштӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон дар ҳамкорӣ бо Барномаи ҷонибдории инкишофи манотиқи кӯҳистони Тоҷикистон барои хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия нақлиёти махсуси дорои рефрижератори тамғаи Хейондай Портер ҷудо карда шуд.
Раиси ноҳия зимни супурдани техникаи кишоварзӣ таъкид кард, ки мувофиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, барои таъмини кишоварзон бо техникаҳои зарурӣ аз тамоми имкониятҳо истифода бурда мешаванд. Техникаи интиқолдиҳандаи шир, ки имрӯз ба кишоварзон тақдим шудааст, ба рушди минбаъдаи соҳаи кишоварзӣ мусоидат хоҳад кард.