Таҷлили Рӯзи конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти Мирзоҷон Ширинҷонови ноҳияи Шуғнон

2-ноябри соли равон бахшида ба 29-солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти Мирзоҷон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар он муовини раиси ноҳияи Шуғнон Саидарабзода Гулғунча, раиси шӯрои собиқадорони ноҳия Назаршоева Гуландом, мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Шуғнон Кабиров Ризо ширкат варзиданд.
Муовини раиси ноҳия Саидарабзода Гулғунча ҷамъомадагон ва дар симои онҳо сокинони ҷамоати деҳоти Мирзоҷон Ширинҷоновро аз номи раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъазода Ҷумъа Шофақир бо ин рӯзи фархунда табрику шодбош гуфта, қайд дошт, ки дар таърихи навини мардуми мо қабул гардидани Конститутсияи давлатӣ яке аз рӯйдодҳои муҳимтарини сарнавиштсоз ба ҳисоб рафта, ин санаи муборакро ҳар сол бо як шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил менамоянд.
Раиси шӯрои собиқадорони ноҳия Назаршоева Гуландом зимни сӯҳбат қайд намуд, ки Конститутсия пояҳои сохторҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии давлати тоҷиконро устувор гардонда, ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои шаҳрвандонро муайян намуд ва бо қабул гардидани ин ҳуҷҷати тақдирсоз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шоҳроҳи сифатан нави давлатдории худ ворид гашт.
Мудири шуъбаи маорифи ноҳия Кабиров Ризо низ аз хусуси Бахтномаи миллат ҳарф зада, аҳли толоро бо ин санаи муборак табрик намуданд.
Дар фарҷом ҳунармандони ҷамоати деҳоти Мирзоҷон Ширинҷонов барномаи фарҳангиро манзури иштирокдорон намуданд.