Таҷлили 29-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

3 ноябр дар Қасри фарҳанги ноҳия бахшида ба 29-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ бо барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид.
Раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъазода Ҷумъа Шофақир суханронӣ намуда, аҳли толор, мардуми шарифи ноҳия ва тамоми ҳамватанони азизро ба муносибати “Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” табрику таҳният намуд.
Дар ин замина қайд гардид, ки чорабинии имрӯза низ ба таври возеҳ собит месозад, ки мардуми шарафманди ноҳияи Шуғнон арзишҳои миллӣ, истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлатро қадр намуда, барои гузоштани саҳми муассири худ дар рушди фарогири минбаъдаи Тоҷикистон омода мебошанд.
Ҳамзамон, дар ҷамъомади тантанавӣ бархе аз фаъолон ва кормандони ҳифзи ҳуқуқи ноҳия барои хизматҳои шоиста ва дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ дар таъмини волоияти қонун бо Ифтихорномаи Раиси ноҳияи Шуғнон сарфароз гардонида шуданд.
Таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо барномаи ҷолибу рангини консертии ҳайати эҷодии кормандони фарҳанги ноҳия, ки дар сатҳи хуб иҷро шуда буд, ҷамъбаст гардид.