Муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шуғнон

Санаи 28 январи соли 2024 дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон муаррифии раиси нави ноҳияи Шуғнон доир гардид. Дар маҷлис сардорони идораву муассисаҳо, кормандон, раисони ҷамоатҳои деҳот, директорони макотиби ноҳия ширкат варзиданд.
Муовини раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оиди интихоби раиси ноҳия қироат намуда, иҷрокунандаи вазифаи раиси тозаинтихоби ноҳияи Шуғнон Шоисматуллозода Комилро ки зодаи Ҷамоати Навободи ноҳияи Шуғнон аст ба иштироккунандагон шинос намуд.
Шоисматуллозода Комил фаъолияташро баъд аз итмоми Донишгоҳи иқтисодии Тоҷикистон аз бахши фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шуғнон оғоз намудааст ва то ба вазифаи роҳбари дастгоҳи раиси ВМКБ расидааст. Акнун бо Фармони Президенти кишвар иҷрокунандаи раиси ноҳияи Шуғнон таъин шудааст. Раиси вилоят ҳамзамон зикр намуд, ки таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат ба ноҳияи Шуғнон хеле зиёд буда, муҳаббати Сарвари давлат ба ин мардуми куҳистон беш аст.
Сипас ба собиқ раиси ноҳия Ҷумъазода Ҷумъа Шофақир изҳори сипос намуд, ки дар тӯли чор сол роҳбарияти ноҳияро бар дӯш дошта, ҳамзамон дар тараққиёти иҷтимову иқтисодии ноҳия саҳми вай хеле назаррас аст.
Дар ин миён аҳли нишаст бо кафкӯбии бардавом раиси пештара, инсони комилу мардумшинос Ҷумъазода Ҷумъа Шофақир изҳори сипос намуданд.
Раиси тозаинтихоби ноҳия Шоисматуллозода Комил зимни баромад изҳор дошт, ки тамоми қувваву неруи худро барои ободии ноҳия масраф хоҳад намуд ва ноҳияро ба яке аз ноҳияҳои пешрафта табдил хоҳад дод.