Вохӯрӣ бо вакилони Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
30 январи соли равон дар маҷлисгоҳи нозироти андози ноҳия вохӯрии намояндагони ҳукумати кишвар бо фаъолони ноҳия баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ вакилони Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идизода Файзалӣ ва Даринг Раҳмон Ҷаҳонафруз бобати нуқтаҳои асосии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ибрози андеша намуданд. Зикр гардид, ки дар Паёми навбатӣ тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дода шуда, вазифаҳои нав дар назди аҳли ҷомеа гузошта шуданд.
Вохӯриро муовини раис ноҳияи Шуғнон Мирзоашраф Пайрав Иззаталӣ ҳусни оғоз бахшида ташрифи вакилонро ба ноҳияи Шуғнони хушлатофат хайру мақдам гуфтанд.
Муҳтарам Даринг Раҳмон Ҷаҳонафруз зимни баромад оид ба қимат ва арзиши Паём барои ҳаёт ва барои ривоҷи соҳаҳои мухталифи ҷомеа чи қадар муҳим мебошад, баромад намуд.
Ҳамчунин Идизода Файзалӣ оид ба соҳаҳои афзалиятноки ҷомеаи муосир, маориф, илм, тандурустӣ, сайёҳӣ ва тайёр намудани мутахассисони соҳибкасб баромад намуда, қайд карданд, ки дар таълиму тарбияи фарзандон на фақат омӯзгорон ҳамчунин волидон низ бояд саҳмгузор бошанд.
Дар фарҷом бархе аз фаъолони ноҳия оиди Паёми ироагардида табодули афкор намуданд.

















































































































































































































































































































































































































































































