Қабули шаҳрвандон аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шуғнон

Рӯзи шанбе, 3 феврали соли ҷори аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шуғнон Шоисматуллозода Комил рӯзи қабули шаҳрвандон доир гардид, ки дар он 20 нафар сокинони ноҳия бо масъалаҳои ҷамъиятӣ муроҷиат намуданд. Аз ҷумла, доир ба масъалаҳои замин, оби нӯшокӣ ва полезӣ, расонидани кумаки молиявӣ ва дигар масоил муроҷиат намуданд.
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳия пас аз шунидани муроҷиатҳои сокинон ба масъулин муовинони сарпараст сохторҳои ноҳиявӣ барои баррасӣ ва ҳали мушкилотҳои ҷойдошта супоришҳои мушаххас доданд.