Аёдати сарбозон аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шуғнон Шоисматуллозода Комил
21 феврали соли ҷорӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шуғнон Шоисматуллозода Комил аз дидбонгоҳи сарҳадии Тишори ҷамоати деҳоти Поршинев дидан ба амал оварда, сарбозону афсаронро ба муносибати 31- умин солгарди таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуданд. Зимни суханронӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия ба ҳамаи ҳомиёни содиқи Ватан тансиҳативу сарбаландӣ ва дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулашон муваффақият орзу намуданд.
Сипас иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия бо шароити хизмати сарбозон дар дидбонгоҳи сарҳадӣ шиносоӣ пайдо намуда, ҳамчунин барои хурсандии сарбозону афсарон дасторхони идона ва аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия барномаи фарҳангӣ пешкаш карда шуд.

















































































































































































































































































































































































































































































