Аёдати сарбозон

19 феврали соли равон бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон барои афсарон ва сарбозони дидбонгоҳи сарҳадии деҳаи Ёмҷи ҷамоати Мирзоҷон Ширинҷонов чорабинии фарҳангӣ бо оростани дастархони идона ташкил карда шуд.
Дар чорабини муовини раиси ноҳияи Шуғнон Саидарабзода Гулғунча иштирок ва баромад намуда, ҳайати низомии дидбонгоҳро бо Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шуғнон Шоисматуллозода Комил табрику шодбош гуфта, қайд дошт, ки сарбозону афсарон беш аз ҳарвақта бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, барои давлату миллат содиқонаю софдилона хизмат намоянд ва кишвари азизамонро аз душманони беруна муҳофизат намоянд.