Аёдати сарбозон дар арафаи 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

21 феврали соли ҷорӣ муовини якуми раиси ноҳияи Шуғнон Шоҳзода Латиф Бозича аз дидбонгоҳи сарҳадии Пиши ҷамоати деҳоти Ғарибшо Шаҳбозов ба номи қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур дидан намуда, ҳайати шахсии дидбонгоҳро аз номи роҳбарияти ноҳия ба муносибати таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуданд.
Ҳамзамон аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон барои афсарон ва сарбозони диндбонгоҳ барномаи ҷолиби фарҳангӣ ва дастархони идона ташкил карда шуд.