Ҷаласаи корӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ

Санаи 20 феврали соли ҷорӣ дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон ситоди доимоамалкунанда оид ба сафарбаркунии ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ситоди мазкур иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шуғнон Шоисматуллозода Комил, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон генерал-майори милитсия Шафизода Рустам Исмоил ва роҳбарони дастгоҳи марказии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, раисони ҷамоатҳои деҳоти ноҳия, роҳбарони идораву муассисаҳои ноҳия иштирок намуданд. Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шуғнон Шоисматуллозода Комил меҳмононро ҷиҳати иштирок дар ситоди ноҳиявӣ хуш омадед намуда, барои дастгириҳои пайваста изҳори миннатдорӣ намуданд.
Комиссари ҳарбии ноҳия Лолахонзода Дилшод оид ба даъвати баҳории ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш пешниҳод намуда, вобаста ба гузориши комиссари ҳарбӣ раисони ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ахборот манзур намуданд. Дар фарҷом Шафизода Рустам Исмоил сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тақвият бахшидани ҳисси ватандӯстию меҳанпарастии ҷавонон ва дар рӯзи якум пур кардани нақшаи даъват ба ҳамаи аъзоёни ситод ва иштироккунандагон супоришҳои мушаххас доданд.