Шӯрои ҷамъиятии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Шуғнон

Нимаи дуюми рӯзи 16 феврали соли ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон Шӯрои ҷамъиятии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Шуғнон баргузор гардид. Дар кори Шӯрои ҷамъиятии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон раиси Шӯро, муовин, котиб ва аъзоёни Шӯро, роҳбарони идораву муассисаҳо, собиқадорони меҳнат, роҳбарони муассисаҳо ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ иштирок доштанд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар кори иҷлосия муовини раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон –директори Институи илмҳои гуманитарӣ ба номи академик Б. Искандарови АМИТ Ҳоким Қаландариён ва устодони ДДХ номзади илмҳои филологӣ, дотсент Насриддиншоев Азатшо, доктори илмҳои таърих, профессор Ҳоҷибеков Элбон, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Беҳронов Ҷумъа иштирок намуданд. Шӯро бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, баромади ирокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шуғнон, раиси Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Шуғнон Шоисматуллозода Комил оид ба Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуда, масъалаҳои зерин, Тасдиқи нақшаи фаъолияти Шӯрои ноҳиявии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёӣ Тоҷикистон барои соли 2024, таъсис ва тасдиқи комиссияҳои кории Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳия ва масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд. Масъалаҳои дар боло зикргардида ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ гардида аз тарафи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил ба аъзоёни Шӯро барои боз ҳам пурзӯр намудани фаъолияташон супоришҳои иловагӣ дода шуд.
Дар фарҷом муовини раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ҳоким Қаландариён суханронӣ намуда, аз фаъолияти Шӯро дар соли 2023 изҳорӣ қаноатмандӣ намуданд. Дар охири ҷаласа бархе аз аъзоёни фаъоли Шӯро бо ифтихорномаи раиси ноҳияи Шуғнон қадрдонӣ карда шуданд.