Номаи табрикотии раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил ба ифтихори 31 - умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳозирини гиромӣ!
Афсарон ва сарбозони шуҷои Ватан!
Имрӯз мардуми шарифи кишвар санаи таърихии таъсисёбии Кувваҳои Мусаллаҳи Точикистони соҳибистиклолро, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллии мо мебошанд, бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва шукргузорӣ аз фазои орому осудаи Ватани озоду соҳибихтиёрамон таҷлил мекунанд.
Ба ин муносибат мардуми сарбаланди Шуғнон, тамоми хизматчиёни ҳарбӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳар яки шумо ҳозирини арҷмандро самимона табрик мегӯям.
Мехоҳам бо ифтихор изҳор намоям, ки Куввахои Мусаллах кафили амнияту якпорчагии давлати соҳибистиклоли Точикистон буда, хизматчиёни ҳарбии чузъу томҳои низомӣ дар хифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат ва зиндагии осудаи сокинони кишвар саҳми бузург доранд.
Итминони комил дорем, ки афсарону сарбозони далеру шуҷои мо аз уҳдаи ичрои ин рисолати басо пурмасъулият бо сарбаландӣ баромада истодаанд.
Ҳозирини гиромӣ!
Ҳукумати мамлакат барои тарбияи кадрҳо ва таъминоти Қувваҳои Мусаллаҳ то имрӯз тамоми чораҳои заруриро амалӣ карда, ин равандро минбаъд низ идома медиҳад.
Барои таҳкими оромиву суботи ҷомеа, афзун сохтани қудрати мудофиавии мамлакат ва ҳимояи марзҳои давлатӣ, мувофиқи нақшаи тирамоҳии даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 ноҳияи Шуғнон 59 нафар ҷавононро сафарбар намуда, ҳар яки онҳо хуб дарк менамоянд, ки ватандӯстӣ ин арзи садоқат ба Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ буда, дар эҳтиром ва пос доштани арзишҳои миллӣ, аз тамоми манфиатҳо боло гузоштани манфиати давлату миллат муҳим мебошад.
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шуғнон 7 дидбонгоҳи сарҳадӣ фаъолият дошта, 6 дидбонгоҳ аз нав сохта шуда ба тамоми шароити ҳаёт ва фаъолияти сарбозон хеле хуб буда, аз онҳо танҳо диловарию шуҷоат дар роҳи дифои марзу буми кишвар талаб мегардад.
Бо боварии комил гуфта метавонем, ки дар даъвати баҳорӣ низ ҷавонписарони далеру шуҷои ноҳия бо як матонату диловарӣ худихтиёрона хизмат намудан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро интихоби хеш қарор медиҳанд ва чун гавҳараки чашм дар муҳофизат намудани ҳар як ваҷаб замини хеш ва марзу буми кишвар содиқона омодаанд.
Тибқи маълумотҳо беш аз 80% – и хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки ин нишондиҳанда далели он аст, ки давлату Ҳукумати кишвар ба ҷавонон эътимоди бузурге доранд. Дар давлатдорӣ аз ҳама рисолати муҳим ҳифзи сарҳади давлатӣ мебошад, ки Пешвои миллат бо боварӣ ба ҷавонон калиди сарҳади давлатиро ба ин насли ояндасози миллат супурдаанд.
Ҳар низомие, ки худро фарзанди Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр медонад, набояд лаҳзае ин вазифаи бузург ва қарзи муқаддаси хешро фаромӯш созад.
Итминони комил дорам, ки ҳайати шахсии дидбонгоҳҳои наздисарҳадии ноҳия анъанаҳои шоистаи Ватан ва миллатро идома дода, бо интизоми намунавӣ, рӯҳияи баланди ватандӯстиву садоқат ва савганди ҳарбӣ ҳимояи Ватани азизамон ва марзу буми муқаддаси онро минбаъд низ сарбаландона таъмин хоҳанд кард.
Дар ин раванд, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, садоқат ба Ватан ва савганди харбӣ, ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва дустиву рафоқат тарбия кардани афсарони ҷавон ва сарбозон аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин мебошад.
Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ин масъала дар яке аз суханрониҳояшон махсус хотирнишон карданд, ки дар шароити ташаннуҷи рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон, торафт вусъат гирифтани мухолифату низоъҳои диниву мазҳабӣ ва доман паҳн кардани терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва фаъолияти гуруҳҳои ҷиноятии фаромарзӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои мо ба масъалаи аввалиндараҷа ва ҳаётан муҳим табдил ёфтааст.
Аз ин рӯ лозим аст, ки дар чунин шароит мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии ноҳия фаъолияти худро ба таври ҷиддӣ тақвият бахшида, барои иҷрои вазифаҳое, ки имрӯз дар назди онҳо қарор доранд, ҳамеша омода бошанд.
Ҳукумати Тоҷикистон, бо вуҷуди мушкилоти муайяни иқтисодӣ, доир ба таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар ва баланд бардоштани ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ҳамаи тадбирҳои заруриро андешида истодааст.
Дар натиҷаи дастгириву ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат ҳоло шароити хизмат ва зисту зиндагии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ бамаротиб беҳтар гардида, имрӯз ба иҷрои босамари вазифаҳои хизматӣ, риояи интизоми ҳарбӣ ва паст шудани сатҳи ҷинояткорӣ таъсири мусбат расонида истодааст.
Ҳозирини гиромӣ!
Бигзор дар сарзамини соҳибистиқлоламон сулҳу оромӣ ҳамеша пойдор бошад ва мо тамоми саъю кӯшиши худро ба он равона созем, ки сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ ба хотири ояндаи неки кишварамон устувору ҷовидон боқӣ монад.
Бори дигар, ҳамаи шуморо ба ифтихори ҷашни 31–умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат табрик гуфта, ба тамоми хизматчиёни низомии ноҳия сиҳатмандиву хушбахтӣ, азму иродаи қавӣ ва дар роҳи ҳифзи Ватани аҷдодӣ барори кор орзу менамоям.
Ҷашн муборак бошад, ҳомиёни далеру шуҷои Ватан!