Баргузории машварати васеъ дар ноҳияи Шуғнон

Санаи 5 июни соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон бо иштироки раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил машварати васеъ доир гардид.
Дар машварат муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳ, раисони ҷамоатҳои деҳот, сардорони раёсатҳо, кумитаҳо, мудирони шуъбаҳо ва бахшҳои раиси ноҳия, роҳбарони идораву муассисаҳои дахлдори ноҳия, директорони муассисаҳои таълимии ноҳия ва кооперативҳои тиҷоратӣ ширкат варзиданд.
Дар машварати васеъ масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
– Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021- 2025.
– Тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ.
– Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023- 2027.
Аз рӯи масъалаи якум сардори шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Шуғнон Мамадаёзова Ҳалима ахборот дода, қайд дошт, ҳамасола аз ҳисоби ихтисосҳои дузанда, муҳрабоф, тоқидӯз, гулдуз, адрасбоф, палосбоф, челонгари таъмири автомобил кафшергари барқӣ ба омӯзиши забони англисӣ ва русӣ фаро гирифта шуда, дорои шаҳодатномаи тахассусӣ мегарданд. Ба ҳолати имрӯза 58 нафар бекорон аз рӯи ихтисоси дӯзанда ба касбомӯзӣ ҷалб гардида, соҳиби шаҳодатнома гардиданд.
Аз рӯи масъалаи дуюм дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ мудири филлиали Амонатбонк дар ноҳияи Шуғнон Собиров Бахтдавлат ахборот пешниҳод намуд.
Аз рӯи масъалаи сеюми машварат мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш дар ноҳияи Шуғнон маъруза намуда, қайд дошт, ки бо мақсади тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ дар ноҳия байни ҷавонону наврасон мусобиқаҳои варзишӣ баргузор гардида, бо ҷавонон сӯҳбату вохӯриҳо доир гардиданд.
Раиси ноҳия ҷиҳати беҳтару хубтар ба роҳ мондани кору фаъолият дар ин самтҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.