Таҷлили Рӯзи байналмилалии кӯдакон дар ноҳияи Шуғнон
Ҳамасола санаи 1 – июн дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон баргузор мегардад. Хушбахтона дар кишвари азизамон низ санаи 1 – июн ҳамчун Рӯзи ҳифзи кӯдакон бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.
Субҳи имрӯз дар Қасри фарҳанги ноҳияи Шуғнон барои кӯдакону наврасон чорабинии фарҳангӣ фароғатӣ доир гардид.
Кӯдакон либосҳои идона ба бар намуда, рақсу бозӣ мекарданд.
Котиби мақомоти васояту парасторӣ дар ноҳияи Шуғнон Девлохчиева Ганҷина тамоми дуструяконро бо ин санаи муборак табрику шодбош намуда, қайд дошт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯдакону наврасон таҳти ғамхории доимии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор доранд. Зеро Тоҷикистон тибқи Конститутсия давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳифзи иҷтимоии кӯдакону наврасон, аз ҷумла кӯдакони ниёзманду камбизоати аҳолӣ вазифадор мебошад. Ҳамаи кӯдакони мамлакат узви соҳибҳуқуқи ҷомеаи мо буда, ба табобат, таҳсил ва фароғат ҳуқуқи комил доранд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри шароити мусоид фароҳам овардан барои кӯдакону наврасон тамоми тадбирҳои заруриро андешида истодааст. Имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори мамлакат барои кӯдакон марказҳои рушди барвақтӣ, кӯдакистонҳо ва муассисаҳои замонавӣ бо техникаву технологияи ҳозиразамон сохта мавриди истифодабарӣ қарор дода мешаванд.

















































































































































































































































































































































































































































































