Вохӯрии гурӯҳи корӣ бо сокинони ҷамоатҳои деҳоти ноҳия

 Санаи 28 майи соли равон гуруҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини раиси ноҳияи Шуғнон Мирзоашраф Пайрав Иззаталӣ бахшида ба 30- солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон намудани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва шарҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки 28 декабри соли 2023 ироа гардид бо сокинони ҷамоатҳои деҳоти Сучон, Навобод, Вер ва Ванқалъа вохурӣ доир намуд.
Муовини раиси ноҳия Мирзоашраф Пайрав Иззаталӣ зимни баромад иброз дошт, ки Конститутсия бахтномаи давлат ба ҳисоб рафта, дар даврони Истиқлолияти давлатӣ, бар замми мушкилоту монеаҳои зиёд бо шарофати эҳтиром ва амалишавии меъёрҳои Конститутсия, мо тавонистем ҷомеае бунёд намоем, ки дар он фазои озоду демократӣ ҳукмфармо ва суботи сиёсиву ваҳдати миллӣ, пешрафти бемайлон ва пойдориву бардавомии имрӯзу ояндаи давлату миллат таъмин гардидааст.
Бо шарофати Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сол то сол рӯзгори халқи кишварамон баракат ёфта, хушу осудатар гардида, пояҳои давлатдорӣ ва мақому эътибори он дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам устувору мустаҳкамтар мегарданд.
Дар идомаи вохӯрӣ таъкид гардид, ки мақсад аз эълон гардидани соли 2024 ” Соли маърифати ҳуқуқӣ”, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона бо он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ ва ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.