Вохӯрии гурӯҳи кории вилоятӣ бо сокинони ноҳияи Шуғнон
Санаи 10- 11 июни соли равон гуруҳи кории вилоятӣ таҳти роҳбарии муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Нилуфар Асламшоева ҳамчунин директори Институти илмҳои гуманитарӣ ба номи Баҳодур Искандаров Қаландариён Ҳоким, сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши ВМКБ Амирҷонзода Солеҳҷон, бо мақсади фаҳмондадиҳӣ ва амалисозии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 9 марти соли равон дар мулоқот бо ходимони дини кишвар баён доштанд ба ноҳияи Шуғнон ташриф оварда, бо сокинони деҳаҳои Пиш ва Шиҷозги ҷамоати Ғарибшо Шаҳбозов, сокинони деҳаҳои Варшез ва Миёншаҳри ҷамоати Ванқалъа ва деҳаҳои Сижду Деҳбастаи ҷамоати Навобод вохӯрӣ доир намуданд.
Дар вохӯрӣ бо сокинон оиди баргузории ҷашну маъракаҳо, фарҳанги либоспӯшӣ, ба ҳаҷ рафтани шаҳрвандон, пешгирии гаравидани шаҳрвандон ба гурӯҳҳои ифротгаро сухан рафта, таъкид гардид, ки миллати тоҷик миллати соҳибтоҷ аст, аз ин лиҳоз дар тамоми ҷабҳаҳо мо бояд аз таърихи бостониву тамаддунсози худ, аз суханварони мумтози он, аз ҳунар ва арзишҳои волои фарҳанги миллӣ, ҳамзамон аз либосҳои миллии худ ифтихор намоем, зеро либоси миллӣ аз матои атласу адрас ва зардӯзиву чакан моро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд. Либоси миллӣ оинаест, ки дар он фарҳанги миллии мо инъикос меёбад.
Асосгузори сулҳу Ваздати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ибрози назар намуданд, ки “яке аз омилҳои торафт густариш пайдо кардани зуҳуроти тероризм ва ифротгароӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ мебошад. Имрӯзҳо шабакаи Интернет, мутаассифона аз ҷониби гуруҳҳои террористиву ифротгаро бо мақсади таблиғи ғояҳои экстремистӣ, ба сафи худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ кардани онҳо ба аъмоли харобкорона ба таври густурда истифода мешавад”.
Мо бояд ҳамеша кӯшиши онро дошта бошем, ки ҳар зарраи хок ва ҳар қатраи обро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем, хушёрию зиракиро аз даст надода, ба ҳамлаҳои иттилоотӣ дар фазои маҷозӣ муқовимат карда, арзишҳои Истиқлолият ва Ваҳдати миллиро ҳифз намоем.

















































































































































































































































































































































































































































































