ТАЪИНОТИ КАДРӢ ДАР НОҲИЯИ ШУҒНОН
Санаи 4 июли соли равон дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шуғнон бо иштироки раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ВМКБ Раҷабова Зунайда, собиқ раиси ҲХДТ дар ноҳияи Шуғнон Тайғунова Гулнора бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифа озод гардида, Саидбекова Химча раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шуғнон таъин гардид.
Раиси тозаинтихоб миннатдории хешро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуда, арз дошт, ки сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори худ намуда, тибқи он кору фаъолият менамояд.


























































































































































































































































































































































































































































































