Табрикоти раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил ба ифтихори 27-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Ҳамдиёрони азиз!
27- июн мардуми шарафманди тоҷик 27-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллиро бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд. Расо 27 сол муқаддам дар Ватани азизу маҳбуби мо ҷанги хонумонсӯзу бародаркуш хотима ёфт. Барои ноил шудан ба ин рузи саид халқи тоҷик аз имтиҳони бисёр сахту сангини таърих гузашта, ба шарофати хиради азалии худ ба мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ анҷом бахшид ва таҳти парчами ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ сарҷамъ гардида, дар фазои сулҳу субот умр ба сар бурда, сарзамини аҷдодии хешро бо азму талоши ватандӯстона ободу зебо гардонданд.
Ба ин хотир бо шукргузорӣ аз сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва рушду тараққиёти Ватани азизамон, тамоми сокинони Шуғнонзамин ва дар симои онҳо кулли мардуми ВМКБ ва ҳамаи шумо–ҳозирини гиромиро ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрик менамоям ва ба хонадони ҳар яки шумо осоишу оромӣ, хушбахтиву сарбаландӣ ва барору комёбиро таманно менамоям.
Ваҳдати миллӣ барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ неъмати пурарзиш буда, ба некӯаҳволии халқамон ва пешрафту ободии Ватани азизамон заминаи воқеӣ гузошт.
Маҳз бо кӯшишҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандӣ ҳукмфармост.
Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханронияшон таъкид намудаанд: “Созишномаи сулҳ барои сарзамини аҷдодии мо суботу оромии воқеъиро таъмин кард, ваҳдати миллиро ба вуҷуд овард ва зиндагиеро фароҳам сохт, ки онро ҳар фарди покдилу некхоҳи мамлакат дер боз интизор буданд.
Заминаи асосии Ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама ин хиради азалии мардуми тоҷик ва саъю талошҳои Пешвои миллат буд, ки моро ба ин рӯзҳои фараҳу хушу хуррам расонд.
Санаи 27 июни соли 1997 дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол абадан бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Бо қабул шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки ибтидои солҳои 90- ум гирифтори даҳшати ҷанги шаҳрвандӣ гардида буд, сулҳу суботи саросарӣ фароҳам омад ва ин рӯйдоди бузург ба марҳилаи созандагию бунёдкориҳои азим дар сарзамини аҷдодиамон оғоз бахшид.
Ваҳдат падидаи созандаест, ки маҳсули тафаккур ва ақлу хиради инсонӣ буда, инъикосгари пирӯзии рӯшноӣ бар зулмот, некӣ бар бадӣ, пирӯзии ақл бар ҳиссиёт мебошад.
Боиси ифтихор аст, ки имрӯз халқи сулҳхоҳу ватанпарасти Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллиро дар фазои сулҳу дӯстӣ ва якдигарфаҳмӣ ботантана таҷлил мекунад. Ин рӯзи таърихӣ, воқеан ба марҳалаи нави такомули давлати соҳибистиқлоламон оғоз бахшида, барои татбиқи раванди созандагии давлат заминаи устувору мусоидро фароҳам овард. Ваҳдати миллӣ ҳамчун рамзи пирӯзиву хушбахтӣ ба мардуми тоҷик нерӯю тавоноии нав бахшид, дар қалби ҳар як сокини кишвар шӯълаи умедро ба фардои ободу осуда фурӯзон намуд ва дилҳои хурду бузурги мамлакатро пур аз шодию фараҳ гардонид. Ваҳдати миллӣ беҳтарин дастоварди тоҷикон дар тули таърихи пурмоҷарову пурпечутоби онҳост. Дастоварде, ки заминаи тамоми пешрафту комёбиҳои миллати мо дар ҳама самтҳои зиндагонист. Истиқлолу озодӣ ҳамон вақт арзише хоҳанд дошт, ки сулҳу Ваҳдати миллӣ пойдору устувор бошад.
Ҳозирини гиромӣ!
Ҳар як фарди бонангу номус ва огоҳи ҷомеа бояд ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки танҳо истиқлолияту озодӣ омили муҳимтарини пойдории давлат ва бақои миллат мебошад ва вазифаи ҳамаи мост, ки ба хотири тақвияти ин муқаддасоти миллӣ пайгирона кушиш намоем.
Ҷиҳати ҳифзи амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа, таҳкими минбаъдаи истиқлолияту озодӣ, ваҳдати миллӣ ва таъмин намудани пешрафту ободии Ватани азизамон дарки дурусти манфиатҳои милливу давлатӣ, шаъну шараф ва ғурури ватандорӣ бисёр муҳим мебошад, яъне ҳисси баланди миллӣ ва ифтихор аз шаҳрванди Тоҷикистон будан ба ҳайси омили меҳварии муттаҳидсози ҷомеа дар зеҳну шуури ҳар як шахс бояд нақши муассир дошта бошад. Дар шароити бисёр мураккабу печидаи ҷаҳони муосир мо бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошем, ба дасисаву фиреби ҳар гуна неруҳои манфиатҳои бегона фирефта нагардем ва мардумро ба номи истиқлолияту ваҳдати миллӣ озодӣ ва пешрафти ояндаи Ватанамон муттаҳиду сарҷамъ нигоҳ дорем.
Дар тўли 27 сол дар ноҳияамон корҳое ба сомон расонида шуданд, ки онҳоро орзу кардан ҳам дар хаёли касе набуд ва мардуми сипосгузори ноҳияамон инро ба таври ҳамешагӣ эътироф мекунанд.
Силсилабарномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия нишондиҳандаи таваҷҷуҳи хосаи роҳбарияти давлат нисбат ба диёри куҳистони мо мебошанд.
Ҳар як ташрифи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон, хусусан ба ноҳияи Шуғнон ба худ хайру баракат ва муждаи нав ба нави пешравиҳои иқтисодиву иҷтимоиро меоранд.
Сокинони ноҳияи Шуғнон дар партави офтоби истиқлолият ва файзу баракати ваҳдат аз бисёр мушкилот, ки хоси сарзамини куҳистонанд, озод гардидаанд ва яке аз дастовардҳои беҳтарини ин давра алоқаи шабонарўзии мардуми ноҳия бо тамоми гўшаю канори мамлакат тавассути роҳҳои ҳамешакушодаи мошингард мебошад.
Соҳаи саноат низ батадриҷ равнақ ёфта, якчанд корхонаҳои нави саноатӣ таъсис дода шуданд. Аз ҷумла фаъолияти самараноки Неругоҳи барқии “Помир – 1”, Корхонаҳо фабрикаи дўзандагии “Ҳаёти нав” ва “Корхонаи коркарди ғалла – ро метавон мисол овард.
Маҳз бо шарофати Ваҳдати миллӣ дар ноҳия як қатор иншоотҳои хурду бузург сохта ба истифода дода шуданд. Дар ин давра ноҳияи Шуғнон соҳиби маркази маъмурӣ гардид. Қариб дар ҳамаи сохторҳои мақомотӣ аз ҷумла маориф, фарҳанг, тандурустӣ сохтмону азнавсозӣ пурра ба назар мерасад. Аз ҷумла 23 муассисаи таълимӣ аз нав сохта шуда, 24- тои дигар аз таъмир бароварда шуданд. Дар соҳаи тандурустӣ бошад дар ҳамаи деҳа бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ва Ҳукумати кишвар бунгоҳҳои наву замонавӣ бо техникаи ҳозиразамон сохта ба истифода дода шуданд. Ҳамчунин барои пешбурди фаъолияти соҳаи фарҳанг ва эҳё намудани фарҳанги миллӣ дар маркази ноҳия шаҳраки Ваҳдат Қасри фарҳанг сохта ба истифода дода шуда, барои гузаронидани тамоми чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ хизмат карда истодааст. Айни ҳол бошад хонаҳои фарҳангии ҷамоатҳои Навобод ва Вер аз таъмир бароварда шуда, рӯзҳои наздик мавриди истифодабарӣ қарор дода мешаванд. Дар соҳаи иқтисодиёт низ пешравиҳои зиёд ба назар мерасанд.
Шубҳае нест, ки дар ободониву тараққиёти Ватани маҳбубамон ва таҳкими иттиҳоду ҳамбастагии миллати бостониамон сокинони бонангу номус ва сарбаланду заҳматпешаи ноҳия минбаъд низ пешсаф ва намуна хоҳад буд.
Бори дигар Ҷашни фархундаи Ваҳдати миллиро ба ҳамаи шумо, ҳозирини арҷманд, муборакбод гуфта, орзумандам, ки сулҳу субот дар кишвари маҳбуби мо ҳамеша ҷовидон бошад.
Бигзор, ваҳдату ягонагии халқи куҳанбунёд ва сулҳпарвару тамаддунсози тоҷик то абад поянда бошад!

Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!