Вохӯрии гурӯҳи корӣ бо сокинони деҳаи Тишори ҷамоати Поршинев
Санаи 25 июни соли равон гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини раиси ноҳияи Шуғнон Мирзоашраф Пайрав Иззаталӣ бо ҳамроҳии сохторҳои қудратӣ бо сокинони деҳаи Тишори ҷамоати Поршинев вохӯрӣ доир намуд.
Дар вохӯрӣ оиди шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, эълон намудани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, ҳамчунин оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ва дигар мавзӯъҳои муҳиме, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо ходимони дин баён доштанд, ибрози андеша гардид.
Дар фарҷом сокинон низ оиди ин масъалаҳо фикру ақидаҳояшонро баён намуданд.



























































































































































































































































































































































































































































































