ДАР АРАФАИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН ХОНАИ ИСТИҚОМАТИИ ВАТАНИЕВА ҲАЛИМА БОЛОПЎШ ГАРДИД
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табақаи ниёзманди ҷомеа аз қабили ятимону бепарасторон, маъбону шахсони яккаву танҳо, қишрҳои камбизоати ҷомеаро таҳти таваҷҷуҳи ҳамешагии хеш қарор дода, пайваста ин қишри ҷомеаро дастгирӣ менамояд. Дар партави сиёсати инсонпарваронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии бевоситаи раиси ноҳияи Шуғнон дар арафаи иди Қурбон санаи 18 июни соли равон хонаи истиқоматии сокини деҳаи Зевардашти ҷамоати Мирзоҷон Ширинҷонов, Ватаниева Ҳалима болопӯш гардид ва дар навбати ин ба вай кӯмаки яквақтаи моддӣ расонида шуд.
Ватаниева Ҳалима дар навбати худ миннатдории хешро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри муҳайё намудани чунин шароит баён намуд.
























































































































































































































































































































































































































































































