Вохӯрии сардори ситоди Раёсати агентии маводи нашъаовар дар ВМКБ бо роҳбарони идораву муассисаҳои ноҳия
Санаи 25 июни соли равон дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон бо сардори ситоди Раёсати агентии маводи нашъаовар дар ВМКБ Айдарзода Гев вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар он муовини раиси ноҳияи Шуғнон Мирзоашраф Пайрав Иззаталӣ ва тамоми роҳбарони идораву муассисаҳо ширкат варзиданд.
Сараввал муовини раиси ноҳияи Шуғнон Мирзоашраф Пайрав Иззаталӣ мавсуфро ба ноҳияи Шуғнон хуш омадед намуда, қайд дошт, ки нашъамандӣ чун як бемории ғайриоддӣ ба тамоми узвҳои инсонӣ истеъмолкунандаи маводи нашъаовар, аз қабили асаб, гурда, дил ва дигар узвҳои дарунӣ таъсир карда, беморро маҷрӯҳ мегардонад. Имрӯзҳо душвор нест дарёфт кардани нафароне, ки бе тарсу ҳарос даст ба куштору дуздӣ мезананду хиёнат ба номусу ҷоҳилиҳо мекунанд. Албатта, ин гуна шахсон бевосита истеъмолкунандагони ин маводи зарароваранд, ки заррае аз кору кирдори кардаашон огаҳие надоранд, зеро он беҳушу беёдашон мегардонад.
Сардори ситоди Раёсати агентии назорати маводи нашъаовар дар ВМКБ Айдарзода Гев зимни мулоқот қайд дошт, ки ҳамасола санаи 26-уми июн, ҳамчун “Рузи байналмилалии мубориза бар зидди суиистеъмоли маводи нашъадор ва муомилоти ғайриқонунии онҳо” дар саросари олам қайд карда мешавад.
Гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар давлатҳо дар мубориза бар зидди маводи нашъаовар устувор буда, корҳои дар ин самт анҷомдодашуда, пеш аз ҳама, ба нафъи амният ва солимии ҷомеа равона шудаанд.
Ҳамчунин дар вохӯрӣ иброз гардид, ки нашъамандӣ душмани ҳаёти солим буда, пешгирӣ намудани ин вабои аср, пеш аз ҳама, ба воситаи боло бурдани маърифати тиббии мардум, ҳамкории судманд бо сохторҳои масъул ва шарикони рушд ба даст меояд. Аз ин рӯ ҳар яки моро зарур аст, ки дастаҷамъона бо ин вабои аср мубориза барем ва нагузорем, ки наврасону ҷавонон ба ин кирдори ношоиста даст зананд.

















































































































































































































































































































































































































































































