БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ НОҲИЯИ ШУҒНОН
Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия баргузор гардид, ки дар он муовини раиси ноҳия Мирзоашраф Пайрав Иззаталӣ, прокурори ноҳия полковники адлия Тоҳирзода Шаҳбоз Сафар, Сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия Шодизода Ҷамшед Шодӣ, Сардори шуъбаи Кумитаи амнияти миллӣ дар ноҳия Давлатмандзода Фарҳод ва роҳбарони идораву муассисаҳо ширкат варзиданд.
Дар рафти Шӯро ҳолати риоя ва иҷрои талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар ҶумҳурииТоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” дар мақомоти салоҳиятдор ва ҷамоатҳои деҳоти ноҳия мавриди санҷиш ва таҳлил қарор дода шуд.
Аз тарафи Раиси Шӯро-прокурори ноҳия полковники адлия Тоҳирзода Ш.С. дар назди масъулини соҳаҳои мухталиф вазифаҳои мушаххаси уҳдадоркунанда гузошта шуда, талаб намуд, ки масъулин ҷиҳати иҷрои қонунҳои мазкур ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ тамоми чораҳоро андешанд.
Сипас, аз ҷониби ёрдамчии калони прокурори ноҳия ҳуқуқшиноси дараҷаи 3 Баҳромзода Самандар оиди ҳолати риоя ва иҷрои талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” маърӯза карда, баҳри пешгирию бартараф намудани қонунвайронкуниҳо, диққати масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди МИҲД-и ноҳия, ҷамоатҳо ва раиси комиссия оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки назди МИҲД-и ноҳияи Шуғнонро барои пешгирии ҳолатҳои дар боло зикршуда ва содиршавии чунин қонунвайронкуниҳо ҷалб намуда, таклифҳои зеринро пешниҳод намуд:
1. Омӯзиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” дар таҳрири нав ташкил ва ба роҳ монда шавад.
2. Риоя ва иҷрои талаботи қонунҳои дар боло зикргардида таъмин карда шавад.
3. Мақомотҳои салоҳиятдоре, ки тибқи қонунгузорӣ, махсус муваззаф гаштаанд фаъолиятро ҷоннок намуда, баҳри пешгирӣ ва ошкор намудани қонунвайронкуниҳо тамоми чораҳои заруриро андешанд.
4. Баҳри огоҳ шудани сокинони ноҳия аз қабул гардидани қонунҳои дар боло зикршуда дар таҳрири нав корҳои ташвиқотию тарғиботӣ ҷоннок карда шавад.
5. Масъулини ин самтҳои назоратиро зарур аст, ки ба муросокорӣ хотима бахшида, вазифаҳои хизматии худро дар доираи талаботҳои муқарраргардидаи қонун иҷро намоянд.
Ҳамчунин раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия -прокурори ноҳияи Шуғнон полковники адлия Тоҳирзода Ш.С. дар баромади худ қайд намуданд, ки прокуратураи ноҳия фаъолияти худро дар асоси Дастуру супоришҳои Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ, дастур ва супоришу фармонҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурори ВМКБ ба роҳ монда, дар нимсолаи аввали соли 2024 ҳолати риоя ва иҷрои талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” беҳтар гардида истодааст.
Дар фарҷоми ҷаласа аз ҷониби Раиси Шӯро-прокурори ноҳия полковники адлия Тоҳирзода Ш.С. ба масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди МИҲД-и ноҳия, ҷамоатҳо ва раиси комиссия оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки назди МИҲД-и ноҳияи Шуғнон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуда, баҳри беҳтар ба роҳ мондани кор дар ин самт, таклифу пешниҳодҳои мушаххас баён намуданд.
Бо ҳамин ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Шуғнон ба кори худ анҷом бахшид.

















































































































































































































































































































































































































































































