"ДАВИ ВАҲДАТ" ДАР НОҲИЯИ ШУҒНОН БАРГУЗОР ГАРДИД
Санаи 23 июни соли равон тибқи дастуру супоришҳои Роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Шуғнон шаҳраки Ваҳдат “Дави Ваҳдат” баргузор гардид.
Дар ҳамоиш раиси ноҳияи Шуғнон Шоисматуллозода Комил, муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳ, роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва роҳбарони идораву муассисаҳо фаъолона ширкат варзиданд.
Дар идома раиси ноҳия баромад намуда, ҳамаи ҷамъомадагон ва дар симои онҳо кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро бо 27- умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик намуда, қайд дошт, ки бо шарофати сулҳу Ваҳдат мо имрӯз дар чунин давлати ободу тараққикарда умр ба сар мебарем. Ҳар яки мо бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо бирасем ва онро чун гавҳараки чашм нигоҳубин кунем.

















































































































































































































































































































































































































































































