Қабули шаҳрвандон аз тарафи раиси ноҳияи Шуғнон
Қабули шаҳрвандон бо мақсади расидагӣ ба дархосту муроҷиатҳои сокинон, баррасӣ ва саривақт ҳаллу фасл намудани мушкилотҳои онҳо гузаронида мешавад.Қабули шаҳрвандон яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб рафта, ҳар шанбе аз ҷониби раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил дар маркази ноҳия рӯзи қабул баргузор мегардад.
Имрӯз низ аз тарафи Раиси ноҳияи Шуғнон қабули шаҳрвандон доир гардид.
Сокинон бо масъалаҳои шахсӣ ба раиси ноҳия муроҷиат намуданд ва раиси ноҳия баҳри дар муддати кӯтоҳ ҳаллу фасл намудани мушкилотҳои сокинон ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд.

















































































































































































































































































































































































































































































