Шиносоии раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил бо муассисаҳои таълимии ҷамоати Сучон
Санаи 18 июли соли равон раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил дар идомаи сафари корӣ ба ҷамоати Сучон аз муассисаҳои таълимии деҳаҳои Бидурд, Рож, Шиврож, Даштак, Питоб ва Боғев дидан намуд.
Зимни боздид раиси ноҳия бо шароити таъмири муассисаҳои таълимӣ, сохтани синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳо ва омодагӣ ба соли нави хониш дар муассисаҳои таълимӣ шинос гардида, бо устодон сӯҳбати озоду самимӣ доир намуд.
Раиси ноҳия қайд дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар ба таълиму тарбияи насли наврас диққати махсус равона менамояд.
Баргузор намудани озмунҳои ҷумҳуриявӣ аз қабили “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст “, ” Тоҷикистон- ватани азизи ман “, “Илм- фуруғи маърифат “, ва ҷорӣ намудани Квотаи Президентӣ далели ин гуфтаҳост.
Дар навбати худ ҳар як омӯзгор ва волидайн ғамхории Пешвои муаззами миллатро бояд хуб дарк намуда, насли наврасу ҷавонро ба роҳи рост ҳидоят намоянд ва сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллиро сармашқи кори худ намуда, тибқи он кору фаъолият намоянд.

















































































































































































































































































































































































































































































