Марҳабо ба макони дилчаспу зебои ноҳияи Шуғнон

  Солҳои охир бо шарофати Ваҳдату Истиқлолият дар тамоми гӯшаву канори кишвари азизу маҳбубамон корҳои ободониву созандагӣ ба назар мерасанд. Ҳатто дар дурдастарин деҳаҳо иншоотҳои хурду бузург сохта мавриди истифодабарӣ қарор дода мешаванд.
Хушбахтона дар ноҳияи Шуғнон низ чунин ободкорию созандагӣ баръало мушоҳида мегардад.
Дар деҳаи Бидурди ҷамоати Сучон аз тарафи соҳибкор Соҳибқулов Қарақул тарабхонаи замонавӣ бо номи “Душанбе” ҳамчунин барои истироҳати тобистона ҳавзҳоро сохтааст, ки меҳмонон метавонанд дар он оббозӣ ва ба қаиқҳо савор шуда, аз макони дилчаспу зебои он ҳайрат бибаранд ва сайругашт намоянд.
Инчунин барои бастани ақди никоҳи домоду арӯс як макони дилчаспу аҷоиб бо дарахти хушбахтӣ сохта шудааст, ки домоду арус метавонанд дар чунин макони афсонавӣ ақди никоҳ бибанданд.
Ин макони дилхушӣ рӯзҳои наздик мавриди истифодабарӣ қарор дода мешавад.
Бояд қайд кард, ки бо ба истифода додани ин макони дилхушӣ бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба ноҳия ташриф оварда, аз маконҳои зебою тамошобоби ноҳияи Шуғнон дидан ба амал меоранд, зеро сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими ¬иқтисодиёти кишвар маҳсуб меёбад.320:41