Вохӯрии гуруҳи корӣ бо сокинони ҷамоати Мирзоҷон Ширинҷонов
Санаи 17 июли соли равон гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини раиси ноҳияи Шуғнон Мирзоашраф Пайрав Иззаталӣ ҷиҳати фаҳмонидани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим ” ҳамчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак ” ва эълон гардидани соли 2024 ҳамчун соли “Маърифати ҳуқуқӣ ” бо сокинони ҷамоати Мирзоҷон Ширинҷонов мулоқот доир намуданд ва нуқтаҳои асосии қонунҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври возеҳу равшан ба саҳми ҳозирин расониданд.
Ҳамчунин дар вохӯрӣ корманди шӯъбаи амнияти миллӣ дар ноҳия Шуҳрат Саъдуллоев ширкат варзида, ҷиҳати шомилшавии насли наврасу ҷавон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгаро изҳори нигаронӣ намуд. Таъкид гардид, ки омӯзгорону волидон бояд насли наврасро дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ тарбия намоянд ва нагузоранд, ки фарзандонаш ба ҳар гуна гурӯҳҳои террористию эктремистӣ шомил шаванд, зеро ояндаи давлату миллат маҳз дар дасти ҷавонон аст.

















































































































































































































































































































































































































































































