Истироҳати кӯдакону наврасон дар истироҳатгоҳи "Насими Ғунд"- и ноҳияи Шуғнон
Имрӯзҳо Ҳукумати мамлакат соҳаи маорифро дар мадди аввал қарор дода, ба таълиму тарбияи кӯдакону наврасон диққати махсус равона намудааст.
Ба ҳамин хотир баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, дар баробари баланд бардоштани базаи модиву техникии муассисаҳо, рушди малака ва қобилияти омузгорону хонандагон, ташкили истироҳатгоҳ яке аз вазифаҳои муҳими масъулони соҳаи маориф мебошад. Зеро агар дар замони хониш хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ барои донишандӯзӣ ва тарбия фаро гирифта бошанд, дар вақти таътил Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кушиш бар он менамояд, ки кудакони синни мактабиро ба истироҳатгоҳҳо бо таъмини барномаи мукаммали таълимӣ-фароғатӣ фаро гирад.
Истироҳатгоҳи “Насими Ғунд” яке аз истироҳатгоҳҳои бофароғат ба ҳисоб рафта, ҳар сол кӯдакону наврасон баъди хатми таҳсил ба он фаро гирифта мешаванд.
Ҳоло 40 нафар дар истироҳатгоҳи “Насими Ғунд” ба таълиму тадрис машқу бозиҳои ҷолиби шавқовар ва барномаи фарҳангӣ фароғатӣ фаро гирифта шуданд .
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастури бевоситаи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ истироҳатгоҳи ноҳиявии “Насими Ғунд” бо тамоми шароитҳои лозимӣ барои истироҳати кудакон омода мебошад.
Ин имконият фароҳам меорад, ки кӯдакону наврасон дар истироҳатгоҳ рӯзҳои хушу хуррам ва фаромӯшнашавандаро гузаронида, дӯстони навро пайдо намоянд.

















































































































































































































































































































































































































































































