Зери фалаки атлас бо пироҳани атлас,

Як бор туро бинам ин бахти ҳумоюн бас.

Миллати тамаддунофар ва тамаддунпарвари тоҷик аз таърихи пайдоишаш расму русуми худро дошт. Ин миллат қаламрав, фарҳанг, забон ва либоси худро дошт. Аҷдодони бузурги мо анъанаҳо ва тамоми расму русумҳоро, ба бераҳмии таърих ба монанди тохтутози аҷнабиён аз қабили аъробу манғиту муғул нигоҳ накарда, поку беолоиш то замони мо оварда расониданд. Имрӯзҳо вазифаи ҳар як фарди тоҷики ватандӯсту ватанпарвар танҳо он аст, то мисли гузаштагони баору номусаш ин анъанаҳо ва расму русумҳоро дигар накарда,ба ҳамон шакли поки қадимиашон ба наслҳои оянда интиқол диҳад. Албатта, имрӯзҳо танҳо як чиз ташвишовар ва аламовар аст, ки бархе аз хоҳарони мо ба ҷойи либосҳои миллии мо, либосҳои мардуми бегонаро ба бар карданд. Шояд онҳо ба суханони пурмаънои Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хуб таваҷҷӯҳ накардаанд,ки гуфта буданд, мо тоҷикон фарҳанги ҳинду аврупоӣ доштем ва то ҳанӯз ҳам дорем. Ҳамагон хуб ёд доранд, ки мардуми бофарҳанги тоҷик аз замонҳои хеле қадим мақолеро ба забон меоварданд, ки мусулмонӣ ба ришу дастор нест, балки ба эътиқод ва қалби пок аст. Ва он хоҳарҳои мо ки имрӯз ҳаваси ба бар кардани ҳиҷобу сатр доранд, ин нишонаи он нест, ки мусулмони ҳақиқӣ шудаанд. Ба ростӣ дар назари бештари одамон ҳиҷобу сатр чун либосҳои мотамӣ ба назар мерасанд. Бо иффат будани ин ва ё он зани тоҷикро ҳеҷ гоҳ ҳиҷобу сатр нишон намедиҳанд. Ва ҳар замоне, дар кадом гӯшаи кишварамон қарор надошта бошем, ва чун аз пешамон бонувони атласпӯш ва ё адраспӯш ва ё чаканпӯше мегузаранд, одам хаёл мекунад, ки инҳо аз ҳуриёни биҳиштанд . Чун худи Тоҷикистон биҳишт аст, кас беихтиёр хаёл ва гумон мекунад,ки адрасу атласу чакан аз биҳиштиён мерос мондаанду касоне онҳоро ба бар мекунанд аз онҳо бӯйи биҳишт меояд. Кишварҳои зиёди ҷангзадаро медонем, ки бахусус бонувон бо ҳавас ба бонувони тоҷик менигаранд, орзуи чунин зиндагиро мекунанд, то онҳо низ чунин озод зиндагӣ кунанд, чунин Роҳбару хирадманду ғамхор дошта бошанд, таҳсил кунанд ва аз либосҳои дилгиркунандаашон халос бошанд. Аммо иллоҷ чист? Замин сахту осмон баланд. Фақат гоҳ-гоҳе онҳо низ дар хонае дар набудани мардҳо ҷамъ шуда, либосҳои сабуку рангин пушида, соате ҳам бошад аз либосҳои сиёҳи дилгиркунандаашон халос шуда, андаке ҳам бошад аз насими озодӣ нафас мекашанд. Баъди дидани ин гуна наворҳо, ки онҳоро мухбирони хориҷӣ пинҳонӣ сабт мекунанду аз тариқи расонаҳо пахш мекунанд, кас ҳайрон мемонад, ки чаро ҷавонзани тоҷики таҳсилкарда рушноиро аз торикӣ, зебоиро аз зиштӣ ва озодиро аз ғуломӣ боз намешиносаду ҳаваси расму русуми бегонагонро мекунад, ки эшон худашон аз он дилгиранду безоранд. Инчунин кас ҳайрон мемонад, ки дар кишварҳои дигаре , бахусус бонувон орзу доранд суханони пандомези Пешвои миллат, Президенти маҳбуби моро сармашқи кору зиндагии худ қарор бидиҳанд, аммо шароиту имконият надоранд, вале дар кишварамон бархе аз бонувони мо дар ҳаваси сатру ҳиҷобанд, ки аз ин рафторашон бӯйи бемеҳрӣ нисбати аҷдодон меояд. Ё магар онҳо аз Гурдофариду Рахшонаи ҷонфидо бехабаранд..? Итминони комил дорем, ки бонувони моҳлиқои чун Лайлову Зулайхои мо ба мисли парвонагони гирди шамъ таҳти роҳбарӣ ва насиҳатҳои Пешвои маҳбубамон бо шиори пурмазмуни “Тоҷикона мепӯшем” ҷаҳониёнро дар ҳайрат хоҳанд гузошт…

То куртаи атлас ба қадат ҷанг кунад,

Аҳволи маро дар ин ҷаҳон танг кунад.

Ҷонон Ҳоҷибеков. Муовини директор оид ба корҳои таълимии МТМУ-и №11-и ноҳияи Шуғнон

Возможно, это изображение 1 человек

Все реакции:

98Хаел Абибуллоев, Максуд Окимбеков и ещё 96