Дар тамоми давру замон ҳар як халқу миллатро аз рўи забон, расму оин, урфу одат ва анъанаҳои хеш мешиносанд ва эҳтиром мекунанд. Миллати тоҷикро аз азал бо фарҳанги бою ғанӣ ва либосҳои қадим меписанданд, зеро ҳунару фарҳанг воситаи беҳтарини нишон додани симои миллат аст. Аҷдодони мо аз аҳди қадим ҳиҷобпўш набуданду нахоҳанд буд. Чунки ҳиҷобпўшӣ хоси миллати тоҷик набуда, танҳо тақлид ба фарҳанги бегона ҳасту бас! Миллати кўҳанбунёди тоҷик, ки дар давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳаёт ба сар мебарад ҳаргиз либоси бегонаро ба бар нахоҳад кард ва зери чодари сиёҳ, ҳиҷоб ва либосҳои ба он монанд нахоҳанд монд. Занону модарон дар тамоми давру замон посдору нигоҳдори расму оин ва анъанаҳои нек ба шумор мерафтанд. Бонувон ҳамеша мақому мартабаи худро доштанд, чунки онҳо бояд бо маърифат, дониш, фарҳанг ва тарзи либоспўшии худ ҳама вақт ба дигарон намуна бошанд. Мутаасифона, имрўзҳо дар ҷомеа баъзе аз занону духтарон ба фарҳанги бегона тақлид намуда, либосҳои ба фарҳанги миллии тоҷик бегонаро ба бар мекунанд. Онҳое, ки чунин либос мепўшанд, на аз дин маълумот доранду на аз илмҳои дунявӣ бохабаранд. Яке аз аломатҳои зоҳирие, ки мусулмононро аз пайравони дигар дину оинҳо фарқ мекунад, ин сару либос мебошад. Шариати исломӣ бевосита ягон шакли муайян ва стандартии либиси диниро барои ҳамаи мусулмонон таъин накардааст. Тоҷикон мувофиқи шароити ҷуғрофӣ ва ҳаёти шаҳрнишинию кишоварзии худ либосҳои мувофиқи миллӣ доштанд, ки чеҳраи миллии онҳоро ифода мекард. Дар минтақаҳои кўҳистону хунук мардум аз абрешим намудҳои гуногуни либоси миллиро тайёр ва истифода мебурданд. Дар ислом, аз ҷумла дар ояти 31 сураи «ан-Нур» сухан дар бораи пўшидани либоси сиёҳ ва сатри арабӣ, ки мероси анъанаҳои замони ҷоҳилияти араб буд ва он дар шароит ва муҳити ҷуғрофии араб барои аз чангу ғубор ва қуми биёбон ҳифз кардан бисёр қуми биёбон ҳифз кардан бисёп қулай буд. Баъди густариши ислом ҳам муҳити ҷуғрофии араб тағйир наёфтааст ва ҳамон сатр дар шаклу муҳтавои нав ҳамчун воситаи ҳифз аз чангу қуми араб то имрўз боқӣ мондааст ва аслан зодаи ҳаёти воқеии табиӣ-иҷтимоии араб буд. Вале як чизро мебоист ба назар гирифт, ки сарулибос низ дар асоси шариати исломӣ вобаста ба маҳалҳо ва минтақаҳои истиқоматӣ мусулмонон аз ҳам фарқ мекард. Лекин ҳамаи талаботи динӣ ба либос риоя мегардид. Махсусан дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ин намуд либосро ба таври ба худ хос занону модарон ба бар мекарданд, ки гўё фарҳанги ғании тоҷикон бо омезиши табиати муҳит буд. Масалан, либосҳое, ки дар минтақаҳои Зарафшону Бадахшон, Хатлону Рашту Ҳисор мепўшиданд, дар маҷмўъ як чиз буд ва як қисмати бузурги фарҳанги миллии мо низ ба шумор мерафт, ки ба ислом ҳеҷ ихтилоф надорад, зеро либоси миллии мо вазифаи сатри исломиро адо мекард ва мо ҳеҷ вақт сатри арабиро, ки ба шароити ҷуғрофии мо мувофиқ набуд, қабул накардаем. Ягон ниҳоди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўз дар масъалаи сатри исломӣ ҳеҷ дахолате накадааст, балки ҳукумат зидди тақлидкорона ҳамчун сатр истифода бурдани либосҳои бегона аст, ки ба анъанаҳои фарҳанги исломию миллии мо мувофиқ нестанд. Албатта бо раванди ҷаҳонишавӣ таъсири либосҳои кишварҳои дигари исломӣ ба либосҳои миллии мо низ расонида истодааст. Ва дар навбати худ мо дар як қатор кишварҳое, ки ислом дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии онҳо нақши муҳим мебозад, мушоҳида менамоем, ки шаҳрвандонашон на танҳо либосҳои ба ном дизайни исломӣ, балки либосҳои ғайрисуннатии аврупоӣ низ мепўшанд.
Сармутахассиси Маркази хизматрасонии иҷтимоии ноҳияи Шуғнон Н. Алифбекова


















































































































































































































































































































































































































































































