Санаи 5 августи соли равон машварати назоратии назди раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил баргузор гардид.

Дар машварат муовинони раиси ноҳия, раисони ҷамоатҳои деҳот ва роҳбарони шуъбаҳо ва бахшҳо ширкат варзиданд.

Дар идомаи машварат масъалаҳои зерин мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.

– Омодагӣ ба даъвати тирамоҳии ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Ахбороти мудири бахши коргузорӣ, назорат ва муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дастгоҳи раиси ноҳия оид ба супориши протоколии машварати назоратии раиси ноҳия аз 29 июли соли 2024;

– Рафти иҷрои супориши протоколи машварати назоратии назди раиси ноҳия аз 29 июли соли 2024, дар бораи интизоми меҳнатӣ;

– Рафти иҷрои қарори раиси ноҳия дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025;

Дар идомаи машварат Раиси ноҳия масъалаҳои дар боло зикршударо ба риштаи таҳлил кашида, баҳри беҳтару хубтар фаъолият намудан ба масъулини соҳа супоришҳо дода шуданд.