Ба ифтихори 33- юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар рузи ҷумъа дар маркази ноҳияи Шуғнон чорабинии фарҳангӣ -фароғатии “Шоми Истиқлол” доир мегардад. Чорабинии навбатӣ иборат аз сурудҳои васфи Ватану ободии даврони соҳибистиқлолӣ доир шуда, дар он сокинони маркази ноҳия ва меҳмонону сайёҳон иштирок намуданд. Иштирокдорони чорабинии фарҳангии “Шоми Истиқлол” бо шукргузории том аз фазои сулҳу салоҳи Ватан базми зебои идонаро доир намуданд.