Тибқи супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ноҳияи Шуғнон санаи 7 августи соли равон бо иштироки раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил ҷаласаи ситод оид ба бартарафкунии офатҳои табиӣ, ки дар деҳаи Зугванди ҷамоати Зонги ноҳияи Ишкошим рух дода буд, баргузор гардид, ки дар он муовинон, тамоми роҳбарони шӯъбаҳо, бахшҳо ва роҳбарони идораву муассисаҳо ширкат варзиданд.

Раиси ноҳия муҳтарам Шоисматуллозода Комил, қайд намуд, ки дар заминаи сиёсати инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарадидагони офати табиӣ марҳила ба марҳила аз кӯмаки Пешвои миллат бархурдор мегарданд,

Дар идомаи ситод оиди сафарбаркунии кормандон ҷиҳати дастгирии сокинони ноҳияи Ишкошим сухан рафт.