Тибқи дастури Пешвои муаззами миллат, ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 08.08.2024 сокинони шарафманди ноҳияи Шуғнон бо роҳбарии раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил ба деҳаи Зугванди ноҳияи Ишкошим, ки санаи 04.08.2024 аз офати табии манзилҳои истиқоматии сокинони деҳаи мазкур зарар дидаанд, ҳозир шуда барои бартараф намудани оқибатҳои офати табии кумаки худро расонида истодаанд.

Ҳамзамон, муовини раиси ВМКБ Мирзозода Мусо Одинамамад аз ҷараёни тоза намудани манзилҳои истиқоматие, ки ба ноҳияи Шуғнон вобаст гардидаанд дидан намуда, аз номи истиқоматкунандагони деҳаи мазкур изҳори сипосу миннатдори баён доштанд. Корҳои бартарафкуни офатҳои табии идома доранд..