Санаи 11 августи соли равон дар маркази ноҳияи Шуғнон шаҳраки Ваҳдат аз тарафи раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил қабули шаҳрвандон доир гардид.

Дар рӯзи қабул шаҳрвандон бо ҳар гуна масъалаҳои шахсӣ аз қабили ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони хона, кумаки моддӣ ва дигар масъалаҳо ба раиси ноҳия муроҷиат намуданд.

Раиси ноҳия ҳар як муроҷиати шаҳрвандонро гӯш намуда, баҳри ҳалли онҳо ба масъулини соҳа дастуру супоришҳо дод.