Санаи 14.08.2024 раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил бо сокинони деҳаҳои Барсем, Колхозобод ва Бердибокободи Ҷамоати деҳоти Сучон сӯҳбату вохӯрӣ анҷом доданд.
Зимни вохӯрӣ роҳбарияти ноҳия оиди масъалаҳои мубрами рӯз сӯҳбатро оғоз намуда, атрофи масъалаҳои терроризму экстремизм, шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, амнияти иттилоотӣ, тозагии гирду атроф, роҳандозӣ намудани лоиҳаҳо ва барномаҳои нав, таъмини аҳолӣ бо оби сифаташ баланди нӯшокӣ, сохтмони майдончаҳои варзишӣ ва ғайра сӯҳбат намуданд.
Бояд қайд кард, ки сокинон оиди мушкилотҳои деҳа ба раиси ноҳия муроҷиат намуда, раиси ноҳия дар навбати хеш баҳри бартараф намудани мушкилотҳои ҷойдошта ба масъулини соҳа супоришҳо дод.

















































































































































































































































































































































































































































































