Дар арафаи 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 14 августи соли ҷорӣ раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил ба Ҷамоати деҳоти Сучон сафари корӣ анҷом дода, дар деҳаи Манем хати оби нӯшокиро мавриди истифодабарӣ қарор доданд.
Оби нӯшокӣ дар ин мавзеъ тариқи хати обгузар дар масофаи 6600 метр гузаронида шуда, аз он зиёда аз 48 хоҷагии деҳаи Манем ҳамчунин муассисаи таълимӣ ва бунгоҳи тиббӣ низ истифода хоҳанд бурд.
Дар партави дастгирӣ ва ташаббусҳои наҷибу созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини аҳолии деҳот бо оби тозаи ошомиданӣ мушкилоти мавҷудаи сокинони деҳаи Манем бартараф карда шуда, акнун сокинон бо оби аз ҷиҳати экологӣ тоза истифода хоҳанд бурд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур охири моҳи майи соли ҷорӣ оғоз гардида, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон ва соҳибкорони маҳаллӣ сари вақт дар муҳлати муайяншуда анҷом ёфт.
Давоми солҳои охир дар заминаи таваҷҷуҳи роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати мамлакат, татбиқи барномаҳои нави соҳавӣ ба деҳаи дурдасти ноҳияи Шуғнон хати оби тозаи ошомиданӣ гузаронида шуда, аз рӯи нақша корҳои лоиҳакашии таъмини хати оби нӯшокӣ дар дигар деҳаҳои ноҳияи Шуғнон идома доранд.

















































































































































































































































































































































































































































































