Санаи 19 августи соли равон дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон машварати назоратии назди раиси ноҳия доир гардид.
Дар кори машварат муовинон, роҳбари дастгоҳ, раисони ҷамоатҳои деҳот ва роҳбарони идораву муассисаҳо ширкат варзиданд.
Дар машварати васеъ масъалаҳои зерин мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
1. Ахбороти мудири бахши коргузорӣ, назорат ва муроҷиати шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқии дастгоҳи раиси ноҳия оид ба ҷараёни иҷрои супориши протоколи машварати назоратии раиси ноҳия аз 12 августи соли 2024.
2. Рафти иҷрои қарори раиси ноҳия аз 1 октябри соли 2020, №438, қарори раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 8 августи соли 2020, №257 оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2020, №292 “Дар бораи Барномаи миллии коммуникатсионии 1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солхои 2020-2024
3. Рафти иҷрои қарори раиси ноҳия Шуғнон аз 5 октябри соли 2020, №448, қарори раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 8 сентябри соли 2020, №259 “Оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.07.2020, №431 “Дар бораи Барномаи пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 2020-2024”
4. Омодагии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Шуғнон ба соли нави таҳсили 2024-2025 (вазъи таъминоти муассисаҳо бо кадрҳо, китобҳои дарсӣ ва либоси мактабӣ)
Бояд қайд кард, ки ҳар як масъала аз тарафи раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил таҳлил гардида масъулин супоришҳои иловагӣ гирифтанд.
Дар фарҷом баҳри пешрафти кор аз тарафи роҳбарияти ноҳия масъалаҳои иловагӣ баррасӣ гардида, баҳри иҷрои онҳо дар мӯҳлати муайяншуда ба масъулини соҳа супоришҳои мушаххас дода шуд.

















































































































































































































































































































































































































































































