19 августи соли ҷорӣ ҷиҳати омодагӣ ба даъвати тирамоҳии ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ ҷаласаи якуми корӣ назди раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил бо ширкати раисони ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ва дигар мақомотҳои дахлдор доир гардид.

Дар ҷаласа ахбороти раисони ҷамоатҳои деҳот як ба як шунида шуда, раиси ноҳияи Шуғнон Шоисматуллозода Комил масъулинро барои омодагӣ ба даъвати тирамоҳии ҷавонписарони синни даъват муваззаф намуд.

Ҳамчунин ба раисони ҷамоатҳои деҳот супориш дода шуд, ки то мӯҳлати муайяншуда аз ҳисоби даъватшавандагоне, ки бояд дар давраи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ даъват шаванд ба муоинаи пешакии тиббӣ пешниҳод намуда, барои дар санаи муайяншуда сафарбар намудани онҳо ба хизмати ҳарбӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

Дар фарҷом раисони ҷамоатҳои деҳот ва фаъолон барои пурсамар ва дуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни даъватшавандагон ва волидайни онҳо ва таъмини саривақтии нақшаи даъват супоришҳои мушаххас гирифтанд.