Санаи 29 августи соли ҷорӣ Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Шуғнон дар ҳамкори бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон барои дарёфти корӣ муносиб ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод баргузор кард.
Мақсади асосии ташкил ва баргузор намудани ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод аз фароҳам овардани шароити мусоид барои корхонаю ташкилот ва муассисаҳои ноҳия ҷиҳати дарёфт намудани корманди мувофиқ ва ба шаҳрвандони бекор ҷиҳати дарёфти кори мувофиқ ва ба ин васила муътадил гардонидани вазъи бозори меҳнат нигаронида шудааст.
Дар ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озоди баргузоршуда аз тарафи идораву муассисаҳои ноҳия ташкилоту муассиса ва корхонаҳои ноҳия барои шаҳрвандони бекор ва корҷуянда 31 ҷойҳои кори холӣ ва вазифахои озод ба таври оммафаҳм пешниҳод шудааст, ки 31ҷойи кори барои мутахассисон ва 300 то 400 ҷойи кори холи дар соҳаи сохтмон барои коргарон пешниҳод гардидааст.
Дар рафти ярмарка ба 54нафар роҳхат барои бо ҷои кор таъмин шудан ба ташкилоту муассисаҳои ноҳия дода шудааст, ки 12 нафарашон бо кор таъмин шуданд ва инчунин 15 нафар занону духтарони хонашин барои азхуд намудани касби қолинбофии дастӣ ба касбомўзӣ номнавис шуда ҷалб гардидан.






















































































































































































































































































































































































































































































