Тибқи тартиби баргузории рӯзи қабули шаҳрвандон, ки ҳар ҳафта рӯзи шанбе аз ҷониби роҳбарияти ноҳия баргузор мегардад, имрӯз 31 августи соли 2024 раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил як қатор сокинони ноҳияро, ки вобаста ба масъалаҳои кумаки яквақтаи молиявӣ, азнавсозии хонаҳои истиқоматӣ, оиди хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, оиди ҳуҷатгузории иншоотҳо, оиди ҷои кор, ташкил намудани хоҷагии деҳқонӣ ва дигар масъалаҳо ба бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон ташриф оварданд, қабул намуд.
Зимни баррасии масъалаҳои дар боло зикргардида роҳбарияти ноҳия ба мақомотҳои дахлдори ноҳия барои ҳар чи зудтар ҳал намудани онҳо супоришҳои мушаххас доданд.

















































































































































































































































































































































































































































































