Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тақвият бахшидани корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагӣ ба ҷашнҳои дарпешистода, ҳамзамон ҷиҳати тозаву озода нигоҳ доштани биноҳои маъмурию ҷойҳои корӣ ва шоҳроҳи асосии ноҳия ҳашарҳои дастаҷаъмона дар ҳудуди ноҳияи Шуғнон гузаронида шуд.

Дар ин робита, дар ҳудуди ноҳия ва тамоми бинову иншооти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон ва ҷамоатҳои деҳоти он низ ҳар ҳафта шанбегиҳо бо як рӯҳияи баланди созандагӣ ва ифтихори ватандориву хештаншиносӣ гузаронида мешаванд.

Санаи 31.08.2024 чунин ҳашари дастаҷамъона бо ташаббуси роҳбарияти ноҳия бо иштироки сокинони деҳаҳо ва кормандони идораву муассисаҳо гузаронида шуд. Зимни баргузории ҳашари дастаҷамъона гирду атроф ва ду паҳлуи шоҳроҳ тозаву озода, роҳои маҳали чароғон, шиору овезаҳои ҳудуди ноҳия ки хира гардидаанд, иваз карда шуда, гирду атрофи муассисаҳо тозаву озода ва бехи гулу дарахтонро нарму тоза карданд.