Санаи 1-уми сентябр дар саросари кишвари азизамон Тоҷикистон дар фазои шукӯҳу идона, бо як ҷаҳон фараҳу шодӣ ва эҳсоси ифтихор аз фарорасии бузургтарин ҷашни таърихи нави давлатдориамон, яъне 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли нави таҳсили 2024-2025 оғоз ёфт. Ба ин муносибат дар саҳни муассисаи таълимии № 11-и ноҳияи Шуғнон ба номи аввалин генерали тоҷик Мастибек Тошмухамедов бо иштироки муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Нилуфар Асламшоева ва Раиси ноҳияи Шуғнон Шоисматуллозода Комил Рӯзи дониш ва дарси сулҳ таҷлил карда шуд.

Нахуст раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил кулли устодону толибилмонро ба муносибати Рӯзи дониш табрик гуфта, афзуд, ки боиси сарфарозӣ ва ифтихори аҳли маориф ва илми кишвар аст, ки ҳамасола таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ бо Дарси сулҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз меёбад. Гуфта шуд, ки Дарси сулҳ худ баёнгари таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат ба соҳаи маориф ва илм буда, дар заминаи баргузории ин соати фархунда Барномаи ҳидояти аҳли маориф ва илми кишвар барои соли таҳсил муқаррар ва мавриди амал қарор мегирад.

Муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Нилуфар Асламшоева номаи табрикотии Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердиро ба муносибати Рӯзи дониш ва дарси сулҳ ба самъи иштиродорон расонда, соли нави таҳсилро ба кулли устодону хонандагон муборакбод намуда, ба донишомӯзон дар фатҳи қуллаҳои нави дониш ва ба устодону омӯзгорон дар таълиму тарбияи насли наврас муваффақиятҳои беназир таманно намуд.

Сипас, дар бинои таълимии №11 меҳмонон ва устодону толибилмон пахши мустақими телевизиони марказиро аз иштирок ва суханронии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ, дастаҷамъона тамошо намуданд.